БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 30 апрели соли равон дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои соҳилии Осиё баргузор мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба барномаи Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё дар Саня 14 намуди варзиш ворид аст: баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод, тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиуҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар намудҳои баскетбол, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ ва ҷиуҷитсу иштирок мекунад.
Бояд гуфт, ки Бозиҳои соҳилии Осиё пас аз 10 соли танаффус доир мегарданд. Охирин маротиба ин чорабинӣ соли 2016 дар Ветнам баргузор шуда буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






