ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати дастаро барои бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо тими миллии Филиппин, ки 31 март дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бисту панҷ бозигар — 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар барои омодагӣ ба вохӯрии дарпешистода ба дастаи мунтахаби миллӣ даъват шуданд. Рӯйхати ниҳоӣ барои бозӣ 23 бозигарро дар бар мегирад.
Ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон») ва нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов («Гул Гуҳар») бо сабаби ҷароҳат доштан дар ин бозӣ иштирок намекунанд.
Ҷамъомади тамринии дастаи мунтахаби миллӣ 23 март дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад.
Бозии шашуми даври интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни Тоҷикистон ва Филиппин 31 март, соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






