Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад

Март 17, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ барои ба даст овардани Ҷоми Раиси вилоят баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд.

Дар мусобиқа мардон дар вазни аз 60 то 81 килограмм ва духтарон дар вазни то 63 килограмм рақобат мекунанд. Дар назар аст, ки дар ин мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ низ иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки гӯштини миллӣ яке аз навъҳои маъмулии бозиҳои миллӣ дониста шуда, имрӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.

Ҳамасола дар доираи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ин мусобиқа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 17, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд