ФУТЗАЛ. Ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Афғонистон бозӣ мекунанд

Февраль 15, 2022 13:19

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби футзали ҷавонони  то 19-солаи  Тоҷикистон  бозии сеюми худро  дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар  шаҳри Бишкеки Қирғизистон идома дорад, бо дастаи мунтахаби  ҷавонони  Афғонистон баргузор мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пештар дастаи мунтахаби футзали ҷавонони  то 19-солаи Тоҷикистон дар чемпионати  CAFA-2022 аз дастаҳои мунтахаби Узбекистон (1:3) ва Эрон (1:2) мағлуб шуд.

Дар чемпионати  CAFA-2022 миёни дастаҳои  мунтахаби ҷавонони то 19-сола панҷ даста – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон – иштирок доранд.

Баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаи  мунтахаби Эрон бо шаш имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои  мунтахаби  Узбекистону Афғонистон сеимтиёзӣ гирифтаанд. Вале  дастаҳои  Қирғизистону Тоҷикистон имтиёз надоранд.  Бар асоси дастури  мусобиқа бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давр доир мегарданд ва ҳар даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиб аз рӯи имтиёзҳои бештари бадастоварда муайян мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Газпром»-и  шаҳри Бишкек доир мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки  дастаи  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ба мусобиқаи Бишкек мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода кардааст.

Мусобиқаи чемпионии CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони  то 19-сола

Даври 1-ум

Узбекистон – Тоҷикистон – 3:1

Голҳо: Далер Эшонқулов, 12 (1:0). Ҷовидон Хушвахтов, 13 (1:1). Далер Эшонқулов, 34 (2:1). Самандар Муродқулов, 40 (3:1).

Эрон – Афғонистон – 10:3

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Эрон – 1:2

Голҳо: Амирҳамза Сиддиқзода, 7 (0:1). Умед Назризода, 26 – ба дарвозаи худ (0:2). Саидисроил Саидов, 38 (1:2).

Қирғизистон – Афғонистон – 3:5

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲОИ МУНТАХАБ Б Ғ М Б Т/Т И
1 Эрон 2 2 0 0 12-4 6
2 Узбекистон 1 1 0 0 3-1 3
3 Афғонистон 2 1 0 1 8-13 3
4 Қирғизистон 1 0 0 1 3-5 0
5 Тоҷикистон 2 0 0 2 2-5 0

Даври 3-юм

15 феврал (сешанбе)

15:00 – Афғонистон – Тоҷикистон

18:00 – Қирғизистон – Узбекистон

Даври 4-ум

17 феврал (панҷшанбе)

15:00 – Афғонистон – Узбекистон

18:00 – Эрон – Қирғизистон

Даври 5-ум

19 феврал (шанбе)

15:00 – Узбекистон – Эрон

18:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Бозиҳо  бо вақти Душанбе гузаронида мешаванд.

 

АКС: ФФТ

Февраль 15, 2022 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд