Гулнора Ҳасанзода: «Натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 солҳои 2022-2023 ҷамъбаст мегарданд»
ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар/. Натиҷаҳои ниҳоии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 бо дарназардошти коркарди сканерии мавод дар солҳои 2022-2023 дар 11 ҷилд (беш аз 135 нишондиҳанда) тибқи нақша ҷамъбаст карда шуда, дастраси истифодабарандагон гардонида мешаванд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
—Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва «Нақшаи тақвимии чорабиниҳо (корҳо) оид ба тайёрӣ, гузаронидан ва паҳн намудани натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020-ро аз рӯи панҷ нишондиҳанда – шумораи умумии аҳолӣ, шумораи аҳолии шаҳр ва шаҳракҳо, шумораи аҳолии деҳот, шумораи мардҳо ва шумораи занҳо ҷамъбаст намуда, 12 октябри соли 2021 эълон намуд, -гуфт Гулнора Ҳасанзода.
Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки «моҳҳои январ — декабри соли 2021 дар мамлакат содироти мол 2149,6 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020 52,8 фоиз зиёд аст. Давлатҳои зерин шарикони асосии Тоҷикистон оид ба содирот мебошанд: Швейтсария – 41,7 фоиз аз ҳаҷми умумии содирот, Туркия – 10,8 фоиз, Қазоқистон – 16,8 фоиз, Афғонистон – 3,8 фоиз, Узбекистон – 6,0 фоиз, Чин – 7,4 фоиз, Русия – 3,4 фоиз, Белгия – 4,1 фоиз ва ғайра».
-Мувофиқи натиҷаҳои ҷамъбасти соли сипаришуда, соли 2021 рушди соҳаи кишоварзии мамлакат 6,6 фоизро ташкил дод, ки ба соҳаи растанипарварӣ 5,9 фоиз ва чорвопарварӣ 8,4 фоиз рост меояд. Инчунин якчанд намуди маҳсулоти кишоварзӣ соли гузашта бештар истеҳсол гардидаанд, ба монанди ғалладонагӣ 1,4 фоиз, сабзавот 4,7 фоиз, истеҳсоли зироати полезӣ 8,2 фоиз ва ангур 11,5 фоиз зиёд истеҳсол шудааст, — афзуд директори Агентии омор Гулнора Ҳасанзода.
Ба саволи хабарнигорон вобаста ба он ки соли гузашта содироти кадом навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат афзуд, муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода посух дод, ки соли 2021 208 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардид, ки аз ҳама бештар пиёз — 96 ҳазор тонна мебошад.
«Инчунин соли гузашта меваи хушк ба миқдори 41,4 ҳазор тонна (нисбат ба соли 2020 2,4 баробар зиёд) ва пахта 101 ҳазор тонна (нисбат ба соли 2020 ҳазор тонна бештар) содирот шудааст,» — тазаккур дод ӯ.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид






