Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт оғоз гардид. Ба ҳайати гурӯҳи мазкур роҳбарияти вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш шомиланд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.
Гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъу ҳолат ва фаъолияти муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, таълимӣ, тандурустию солимгардонӣ, қасру хонаҳои фарҳанг, китобхонаю осорхона, мактабҳои санъату мусиқӣ, мактаб-интернатҳо, инчунин, муассисаҳои нав сохташаванда дидан намуда, барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти онҳо тавсияву дастурҳои мушаххас манзур менамоянд.
Сафари хизматии гурӯҳи корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт идома меёбад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






