Гурӯҳи кории ФФТ бо фаъолияти дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб аз наздик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба литсензиякунонии дастаҳо таҳти роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов бо мақсади санҷиши дастаи «Равшан» ба шаҳри Кӯлоб омад. Гурӯҳи мазкур бахшида ба мавсими нави футбол дар мамлакат дастаҳои шомили Лигаи олӣ ва якумро мавриди санҷиш қарор медиҳад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаи рушди футбол дар шаҳри Кӯлоб ва фаъолияти дастаи «Равшан» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» -и шаҳри Кӯлоб яке аз дастаҳои футболи сермухлис ва маъруфи мамлакат маҳсуб шуда, тайи солҳои охир 2 карат чемпиони Тоҷикистон, барандаи суперҷом ва Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.
Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб









Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






