«Холис Пласт», «Плас ТҶ», «Асали 1» ва «Пласт мастер»-и Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии саноати пластикии «Iran Plast» расман оғоз гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноат Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аъзои Палатаи савдо ва саноат — ҶДММ «Холис Пласт», ҶДММ «Плас ТҶ», ҶДММ «Асали1», ҶДММ «Пласт мастер», ки ба истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ машғуланд, дар маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ иштирок намуда, бо ширкатҳои ҷумҳуриҳои Туркия, Эрон, Русия, Арманистон, Узбекистон вохӯрда, дар форуму машваратҳо, ки дар доираи намоишгоҳ баргузор мегарданд, иштирок менамоянд.
Ин намоишгоҳ асосан бахшҳои маҳсулоти тайёри саноати пластикӣ, каучукҳои синтетикӣ, бастаҳои пластикӣ, ашёи хом ва кимиёвӣ барои саноати пластикӣ, мошинҳо, таҷҳизот ва лавозимот барои истеҳсоли пластик, таҷҳизоти озмоишӣ, ченкунӣ ва назорат, системаҳои автоматикунонии истеҳсоли пластмасса, саноат ва хизматрасониро дар бар мегирад.
Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» зиёда аз 1200 ширкатро аз 15 кишвари ҷаҳон ба ҳам оварда, майдони умумии намоишгоҳ 75 000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Иштирок дар ин намоишгоҳ ба соҳибкорони ватанӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро дар ин самт омӯзанд, шарикони ҳамкор дарёфт намоянд ва барои ташкили корхонаҳои муштарак шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, содироти маҳсулотро ба хориҷа ба роҳ монанд.
Намоишгоҳи байналмилалии «Iran Plast» то 10 феврал идома меёбад.
АКСҲО: маркази матбуоти ПСС ҶТ








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






