Хонандагони синфҳои болоӣ бо шароити буду боши сарбозони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ шинос шуданд

Февраль 23, 2022 16:37

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  23 феврал бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Душанбе бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати шиносоӣ бо шароити буду боши хизматчиёни ҳарбӣ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Муслим Усмонзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод. 

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён, Сармуҳаррири нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» Маҳбуба Камолова, роҳбарияти қисми ҳарбӣ  ва модарони хонандагон иштирок доштанд.

Хонандагон аз намоиши аслиҳа, хобгоҳ, хонаи маишӣ-фароғатӣ, нуқтаи тиббӣ, хонаи волидайн, ошхонаи сарбозон ва осорхонаи қисми ҳарбӣ дидан намуда, таассуроти нек бардоштанд.

Баъд аз дидорбинӣ дар маҷлисгоҳи қисми ҳарбӣ бо иштироки сарбозону афсарон ва хонандагон ҳамоиши идона бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид.

Иброҳим Мирзозода тамоми сарбозону афсаронро бо 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки ин дастоварди беназир тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Маҳбуба Камолова тамоми сарбозону ҳомиёни Ватанро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрик намуда зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили амният, сулҳу субот ва пойдории истиқлолияти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд. Артиши миллӣ дар иҷрои рисолати худ, яъне ҳифзи Модар-Ватан ва дифои манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода мебошад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ А.Шоҳиён гуфт, ки таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дастоварди муҳим буда, он тӯли солҳо ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табдил ёфт ва садҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан, матиниродаву ҷасурро тарбия намуд.

Дар идомаи ҳамоиш ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намуди вазнбардорӣ, брус, турниккашӣ, шашка ва бандкашӣ бо диплом ва туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин барои хизматҳои шоиста ба афсарону сарбозони Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ супорида шуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ барои афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуда, барномаи фарҳангии ташкилоти ибтидоии «Борбад»-и Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотири сарбозону иштирокдоронро шод намуд.

АКСҲО: шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Фирдавсӣ

Февраль 23, 2022 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?