Икром Субҳонзода: Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон соли 2021 ба 1,6 миллион нафар мусофир хизмат расониданд

Февраль 10, 2022 16:04

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соли сипаригардида қариб ба 1,6 миллион нафар мусофир хизмат расонидаанд, ки  ин омор дар қиёс ба соли 2020  беш аз 906 ҳазор нафар мусофир ё 1,3 маротиба зиёд аст.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода 10 феврал зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти ширкату корхонаҳои авиатсионии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ гуфт, ки   соли гузашта Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 926 ҳазор мусофир, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд  ба 379 ҳазор, Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ба 233 ҳазор нафар ва Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар ба 56 ҳазор  мусофир хизмат расонидаанд.

Икром Субҳонзода афзуд, ки Агентии авиатсияи гарждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ соли гузашта фаъолияти худро  дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, қарору фармоишҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи Ташкилоти  байналмилалии  авиатсияи гражданӣ (ИКАО)  ба роҳ монда, солро бо дастовардҳои назаррас  ҷамъбаст намуд.

Мавсуф афзуд, ки  соли гузашта аз ҳисоби хизматрасонӣ  ба мусофирону ҳавопаймоҳо даромади корхонаҳои авиатсионии кишвар афзоиш ёфта, ба 2,8 миллиард сомонӣ расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 698 миллион сомонӣ ё 50 фоиз  зиёд аст.

Зикр шуд, ки  аз ҳисоби даромади гирифта  натиҷаи молиявии корхонаҳо  соли гузашта ба 277,8 миллион  сомонӣ фоида баробар гардид, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2020  501,1 миллион  сомонӣ  ё 2,2 баробар зиёд  аст. Вобаста ба ин  пардохтҳои  корхонаҳои авиатсионии кишвар ба буҷети давлатӣ   дар соли сипаригардида 121 миллион сомониро  ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат  ба соли 2020  49,5 миллион сомонӣ ё  70 фоиз зиёд аст.

Икром Субҳонзода зикр намуд, ки  фаъолияти  корхонаҳои  авиатсионии кишвар  соли гузашта ва нишондиҳандаҳои оморӣ бозгӯи он аст, ки  фаъолияти ширкату корхонаҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар соле, ки гузашт,  беҳтар гардида, хастсайрҳои нави ҳавоӣ кушода ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ  афзоиш ёфта истодаанд.

Икром Субҳонзода иброз намуд, ки Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  мамлакат ва корхонаҳои авиатсионии кишвар  дар оянда барои фароҳам овардани   шароити муосиди рақобатпазир  барои  фаъолияти ширкатҳои   ватанию хориҷӣ  ва бартараф намудани монеаҳои рушди  соҳаи авиатсияи гражанӣ  ҳамкориро бо мақомоти авиатсионии кишварҳои хориҷӣ ва шарикони тиҷоратӣ  ба роҳ монда тақвият мебахшад.

 

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия