Соли 2021 дар Тоҷикистон 80 нафар занони соҳибкор соҳиби гранти президентӣ гардиданд,-бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 14, 2022 16:31

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи грантҳои президентӣ соли 2021 низ 80 нафар занони соҳибкор соҳиби грант гардиданд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуд.

Соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 21 декабри 2021 ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки бо мақсади боз ҳам васеътар муайян намудани дурнамои фаъолияти занону бонувон дар иқтисоди миллӣ Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа таҳия ва ба тавсиб расонида шавад. Тибқи дастуру супориши мазкур, соли гузашта ин стратегия барои соли 2021-2030 ва нақшаи амали он барои соли 2021- 2025 ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии рушди соҳибкории занон барои соли 2021-2025» низ таҳия ва ба тасвиб расид, ки айни замон ин ду санад дар амал татбиқ гашта истодаанд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки «аз 332 лоиҳае, ки пешниҳод шуда буд, мо тавонистем 80 лоиҳаи беҳтаринро дастгирӣ намоем. Соли 2021 мо кӯшиш кардем ба он нафароне, ки дар ҳақиқат ба гирифтани гранти президентӣ эҳтиёҷ доранд, кумак расонем”.

Албатта, дар доираи талаботи қоидаҳои пешниҳод кардани гранти президентӣ зимни баррасии лоиҳаҳо ба соҳибкорзанон аз табақаҳои осебпазир, аз ҷумла 65 нафар занони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Файзобод, инчунин 10 нафар соҳибкорзаноне, ки дар оилаашон шахсони маъюб доранд, аз шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҳисор, Ваҳдат, Данғара, Ишкошим, Рашт, Сангвор ва Лахш афзалият дода шуда, ҳамзамон 4 нафар модарони танҳо аз оилаҳои камбизоат аз шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Лахш ва 6 нафар соҳибкорзанон аз минтақаҳои осебпазири шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Исфара ва Хуросон соҳиби гранти президентӣ гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии соҳибкорон соли гузашта 75 ҳазору 511 нафарро занону бонувон ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба соли 2020 1641 нафар зиёд мебошад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила иброз намуд, ки дастгирӣ намудани қишри осебпазири ҷомеа яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки онҳо тавонанд зиндагии худашонро пеш бурда, сатҳи иқтисодии оилаҳояшонро боло бардоранд.

Ҳамзамон дар мавриди дастгирии занон ва беҳтар намудани шароити зиндагии онҳо зимни нишаст тазаккур дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ҳазору 870 нафар занон ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, 35 ҳазору 219 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2022 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд
РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад
Вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Мински Беларус ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон беш аз ҳазор гармхонаи доимамалкунанда фаъолият менамоянд
Дар ноҳияи Айнӣ майдони кишти картошка зиёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Се ташкилоти қарзии молиявии Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ карда шуд
Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад