Кормандони ҷавони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Русия сафарбар шуданд
ДУШАНБЕ, 05.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбия ва омода кардани мутахассисони баландпоя ва ҷавон тадбирҳои муассир меандешад. Соли 2021 дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати сохтмони Федератсяи Русия 4 нафар кормандони ҷавони Кумита барои таҳсил ва такмили ихтисос ба Русия сафарбар карда шуданд,- чунин изҳори назар намуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маҳмадсаид Зувайдзода 4 феврал зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба андешаи мавсуф, яке аз масъалаҳои асосии таҳияи Стратегияи рушди сохтмон- ин муайян кардани самтҳои асосии рушди соҳа ва роҳҳои ҳалли камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Дар ин самт нақши мутахассисони баландихтисос хеле муассир мебошад.
М. Зувайдзода иброз дошт, ки кумита ба тайёр кардани мутахассисони касбҳои нави соҳа эътибори ҷиддӣ медиҳад. «Кумита барои рушди соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, баланд бардоштани сатҳи меъмории миллӣ, таҳияи лоиҳаҳои замонавӣ бо истифода аз технологияи пешқадам, бо сатҳу сифати баланд бунёд намудани биною иншоот ва омодасозии кадрҳои баландихтисос дар назди худ вазифаҳои мушаххас гузошта, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо тадбир меандешад»,-афзуд дар идома.
Ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир ба масъалаҳои соҳа изҳор намуданд, ки «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






