Кумитаи бехатарии озуқаворӣ: 65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият доранд

Февраль 3, 2022 15:23

ДУШАНБЕ, 03.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тамоми маҳсулоти хӯрокворие, ки имрӯз дар бозори мамлакат ба фурӯш бароварда шудаанд, аз зери назорати мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, сипас барои истеъмол иҷозат дода мешаванд. Вазифаи асосии мо то бозори истеъмолӣ овардани маҳсулоти хӯрокворӣ буда, назорати он ба дӯши мақомоти дахлдор аст. Аз ҷониби кумитаи мо барои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат  22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва 65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҷумҳурӣ  Муҳаммадсаид Файзуллозода зикр намуд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар нимсоли охир 61 731 кг маҳсулоти гӯштӣ, 16 599 кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 1 795 литр равғани растанӣ, 25714 дона тухми паранда, 853 кг моҳӣ, 602 кг асал, 4 344 кг маҳсулоти намакин, 7 474 кг меваи хушк, 144 036 кг меваю сабзавот ва 29 942 кг маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хавфнок муайян карда ва аз фурӯш боз дошта, нобуд карда шудааст.

Ба гуфти М. Файзуллозода, фаъолияти дигари Кумита- ин самти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ ба солимгардонии ҳолати фитосанитарии зироати кишоварзӣ, сари вақт андешидани тадбирҳои карантинию фитосанитарӣ, муҳофизати зироати кишоварзӣ аз зараррасонҳо, касалиҳо ва алафҳои бегона, инчунин ҳимояи ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатари воридот ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ аз хориҷи кишвар мебошад.

«Давоми соли 2021 аз тарафи мутахассисони шуъбаи ташхиси фитосанитарӣ ва карантини растании Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқаворӣ ҳамагӣ 9834 намуна, 145167 ташхисҳои гуногун, аз ҷумла 8179 ташхис барои дарёфти зараррасонҳо, 1114 ташхис барои дарёфти касалиҳо, 3311 ташхис барои дарёфти тухми алафҳои бегона ва 60 ташхис барои дарёфти нематодаҳо гузаронида шудааст. Сипас ба роҳбарони якчанд хоҷагиҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони алоҳида барои нобуд сохтани организмҳои зараррасони карантинӣ ва камбудиҳои ҷойдошта 1370 амрия дода шуда, камбудиҳои ошкоршуда сари вақт бартараф карда шуданд»,- гуфт Муҳаммадсаид Файзуллозода.

АКС аз АМИТ «Ховар»   

Февраль 3, 2022 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар 43 сардхонаи шаҳри Ҳисор беш аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда мешавад
Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд ба фасли зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои ИДМ оғоз гардид
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тавассути омори расмӣ равандҳои муҳими иҷтимоӣ таҳлилу баррасӣ карда мешаванд
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо дар 83- солагӣ аз дунё даргузашт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дмитрий Семёнов: «Синамоҷашнвораи байналмилалии «Тоҷи Сомон» фазои ҳамкории байналмилалӣ фароҳам овард»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор карда шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад