Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Дар самти сохтмони иншоот камбудиҳо низ дида мешаванд

Февраль 4, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи Институти лоиҳакашии шаҳри Москва тасдиқ карда шуда, тибқи он  ҳамаи роҳравҳо ба назар гирифта мешаванд. Албатта, дар самти сохтмони иншоот камбудиҳо дида мешаванд ва мо баҳри бартарафсозии онҳо кор бурда истодаем. Чунин изҳори назар намуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Мавсуф гуфт, ки «ҷиҳати таъмини бехатарӣ дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе дар бештари ҳолатҳо асосан соҳибмулкону пудратчиён хунукназарӣ мекунанд. Мо ба таври шабонарӯзи навбатдорӣ ташкил намуда, бо навбат нисбат ба фаъолияти техникаи бехатарӣ кор бурда истодаем».

Тибқи омор, дар ҷумҳурӣ аз ҷониби хадамоти назорати сохтмон 1153 адад ва дар пойтахти кишвар 307 адад камбудиҳо ошкор шуданд, ки зимни онҳо техникаи бехатарӣ риоя карда нашуда,  масъулин ҷарима шудаанд.

«Мо айни замон намояндагони Институти лоиҳакашии шаҳри Москваро ҷиҳати дида баромадани нақшаи генералии пойтахт даъват намудем ва мушкиливу камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бо онҳо якҷоя машварат намуда, роҳҳои ҳалли онро дида мебароем»,-гуфт М. Зувайдзода.

Дар робита ба ин раиси кумита иттилоъ дод, ки зимни сохтмони иншоот муқаррароти меъёрӣ ва қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи меъморию ороишӣ, иҷтимоӣ, гигиенӣ, демографӣ, шароити маҳал, зиддисухторӣ, ҳузуру ҳаловат, зебоӣ, санитарию эпидемиологӣ, зилзилатобоварӣ ва бехатарӣ таҳия мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд».

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии кумита дар иншооти сохташавандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба риояи ҳатмии талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ» 19 санҷиши назоратӣ гузаронида шуда, бо муайян намудани 19 камбудӣ доир ба ислоҳи онҳо 14 амрнома дода шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид