Кумитаи меъморӣ ва сохтмон: Дар самти сохтмони иншоот камбудиҳо низ дида мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе аз тарафи Институти лоиҳакашии шаҳри Москва тасдиқ карда шуда, тибқи он ҳамаи роҳравҳо ба назар гирифта мешаванд. Албатта, дар самти сохтмони иншоот камбудиҳо дида мешаванд ва мо баҳри бартарафсозии онҳо кор бурда истодаем. Чунин изҳори назар намуд Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.
Мавсуф гуфт, ки «ҷиҳати таъмини бехатарӣ дар сохтмонҳои шаҳри Душанбе дар бештари ҳолатҳо асосан соҳибмулкону пудратчиён хунукназарӣ мекунанд. Мо ба таври шабонарӯзи навбатдорӣ ташкил намуда, бо навбат нисбат ба фаъолияти техникаи бехатарӣ кор бурда истодаем».
Тибқи омор, дар ҷумҳурӣ аз ҷониби хадамоти назорати сохтмон 1153 адад ва дар пойтахти кишвар 307 адад камбудиҳо ошкор шуданд, ки зимни онҳо техникаи бехатарӣ риоя карда нашуда, масъулин ҷарима шудаанд.
«Мо айни замон намояндагони Институти лоиҳакашии шаҳри Москваро ҷиҳати дида баромадани нақшаи генералии пойтахт даъват намудем ва мушкиливу камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро бо онҳо якҷоя машварат намуда, роҳҳои ҳалли онро дида мебароем»,-гуфт М. Зувайдзода.
Дар робита ба ин раиси кумита иттилоъ дод, ки зимни сохтмони иншоот муқаррароти меъёрӣ ва қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи меъморию ороишӣ, иҷтимоӣ, гигиенӣ, демографӣ, шароити маҳал, зиддисухторӣ, ҳузуру ҳаловат, зебоӣ, санитарию эпидемиологӣ, зилзилатобоварӣ ва бехатарӣ таҳия мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки «Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва дигар иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин намоянд».
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонии кумита дар иншооти сохташавандаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба риояи ҳатмии талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастрасии бино ва иншоот ба гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ» 19 санҷиши назоратӣ гузаронида шуда, бо муайян намудани 19 камбудӣ доир ба ислоҳи онҳо 14 амрнома дода шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат






