Кумитаи рушди маҳал: Баъд аз даҳ сол ҳар маҳалла соҳиби як муассисаи томактабӣ ва майдончаи варзишӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 1.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ҳар деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, як муассисаи томактабӣ ва як майдони варзишӣ ба истифода диҳад. Дар ин бора Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мавсуф зикр намуд, ки чунин инфрасохтори иҷтимоӣ давоми 10 соли оянда бунёд гардида, ҳамзамон ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Бо мақсади ободонӣ ва зебо гардонидани симои пойтахти мамлакат, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории самаранок бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт корҳои ободонӣ, сабзазоркунии гулгашту хиёбонҳо, низоми барқтаъминкунӣ, рангу бори нишастгоҳҳо, шинонидани гулҳо ва ғайра анҷом дода шуданд.
Ҳамзамон кумита тӯли ин муддат фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ВМКБ–ро вобаста ба иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худфаъолиятии ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳои соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
Соли сипаришуда аз ҷониби кумита дар мавзӯъҳои «Ташаккули худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳраку деҳот», раванди амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Роҳнамо барои таъсисдиҳӣ ва рушди мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Роҳҳои амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва «Танзими идоракунӣ дар маҳал» бо иштироки раисону котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, ноҳияи Шуғнони ВМКБ, шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон машваратҳои омӯзишӣ ва курси сайёри такмили ихтисос гузаронида шуданд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






