Кумитаи забон ва истилоҳот: 560 маводи муассисаҳои истеҳсолкунандаи реклама ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шуд
ДУШАНБЕ, 14.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда теъдоди 560 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро ба талаботи қонунгузории кишвар мутобиқ намуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо моддаи 89- Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 48 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима таъйин гардид, ки аз ин маблағ 34 ҳазору 860 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.
«Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот пайваста санҷишҳои муштарак оид ба санҷиши вазъи номгузорӣ ва навиштаҷоти ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдои баъзе шаҳру ноҳияҳо бо дигар ниҳодҳои дахлдори мамлакат гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи санҷиш нисбат ба 6 соҳибкори инфиродӣ санади огоҳӣ тартиб дода шуд», — афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот иброз дошт, ки натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи Кумита ва мақомоти дахлдор маълум намуд, ки яке аз сабабҳои асосии қонунвайронкунии баъзе аз соҳибмулкон бехабарӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риоя накардани он аст. Аз ин хотир аз ҷониби масъулини Кумита миёни соҳибкорон ва соҳибони дӯконҳои хизматрасонӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






