Кумитаи забон ва истилоҳот: 560 маводи муассисаҳои истеҳсолкунандаи реклама ба талаботи қонунгузорӣ мутобиқ карда шуд

Февраль 14, 2022 14:20

ДУШАНБЕ, 14.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда теъдоди 560 маводи ташкилоту муассисаҳои рекламаистеҳсолкунанда ва соҳибкорони инфиродиро ҷиҳати забони матни ангораҳо ва навиштаҷоту овезаҳои рекламавӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онҳоро ба талаботи қонунгузории кишвар мутобиқ намуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

Мавсуф иброз дошт, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти судӣ барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо моддаи 89- Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ карда шуда, ба андозаи 48 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима таъйин гардид, ки аз ин маблағ 34 ҳазору 860 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шуд.

«Аз ҷониби Кумитаи забон ва истилоҳот пайваста санҷишҳои муштарак оид ба санҷиши вазъи номгузорӣ ва навиштаҷоти ғайримеъёрии марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои савдои баъзе шаҳру ноҳияҳо бо дигар ниҳодҳои дахлдори мамлакат гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2021 дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи санҷиш нисбат ба 6 соҳибкори инфиродӣ санади огоҳӣ тартиб дода шуд», — афзуд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот иброз дошт, ки натиҷаи санҷишҳои гузаронидаи Кумита ва мақомоти дахлдор маълум намуд, ки яке аз сабабҳои асосии қонунвайронкунии баъзе аз соҳибмулкон бехабарӣ   аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риоя накардани он аст. Аз ин хотир аз ҷониби масъулини Кумита миёни соҳибкорон ва соҳибони дӯконҳои хизматрасонӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2022 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст