Маҳмадумар Асозода сабабҳои асосии талафоти сатҳи баланди ШСХК «Барқи тоҷик»-ро номбар намуд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Талафоти неруи барқ дар шабакаҳои тақсимот моҳи январ ба 43,52 фоиз баробар шуд, ки ин 690,5 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад. Дар ин бора 14 феврал раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Маҳмадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба андешаи ӯ, дар сатҳи баланд қарор доштани талафот — гардиши нопурраи қувваи барқ миёни муштариён, таъхири дуру дароз дар сабти нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳо, саривақт омода ва пешниҳод нашудани ҳисоботҳои зарурӣ, дар сатҳи паст қарор доштани интизоми меҳнат дар байни нозирон ва назоратчиёни барқ, назорати ниҳоят суст аз ҳаҷми барқи қабулшуда ва истифодабарии самараноки он ба шумор мераванд.
«Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва пурра иҷро гардидани барномаи ҳисоббарор талафоти қувваи барқ моҳ ба моҳ кам мешавад. айни ҳол дар шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳо ҳисоби масрафи неруи барқ, маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда тавассути барномаҳои биллингии аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезигардида (Express Client, Smart billing ва ZTE) ба роҳ монда мешавад», — афзуд директори Ширкат.
Маҳмадумар Асозода зикр намуд, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе давоми ду сол 125 ҳазор муштарӣ ба низоми биллингӣ барои пардохти ҳаққи неруи барқ гузаронида мешаванд. То имрӯз 34 ҳазор муштарӣ ба ин низом гузаронида шудаанд. Пас аз ноҳияи Сино низоми биллингӣ дар се ноҳияи дигари шаҳри Душанбе тадриҷан ҷорӣ карда мешавад.
«Бо мақсади шаффоф ба роҳ мондани кори назоратчиёни барқ ирсоли СМС- паёмакҳо бо муштариён ба роҳ монда шуда, муштариён тавассути паёмакҳо оиди ба масрафи ҳисобшудаи неруи барқ маблағи ҳисобшуда ва пардохтшуда ва муҳлати пардохт ва қатъ намудани неруи барқ огоҳ карда мешавад», — изҳор дошт роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик».
Ёдовар мешавем, ки Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа 31 январи соли сипаригардида дар нишасти матбуотии вазорат ҳадафи асосии ҷорӣ намудани СМС-паёмакро шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ унвон кард.
«Айни замон дар асоси технологияи муосири (барномаи билингии) дар соҳа ҷоригардида ирсоли СМС–паёмак ба муштариён оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, сарфи энергияи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ карда шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисобу китоби дақиқи энергияи барқ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷа сатҳи хизматрасонӣ ба муштариён баланд бардошта шуда, вазорат айни замон дар якҷоягӣ бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ барои дар тамоми қаламрави кишвар ҷорӣ намудани низоми электронии идоракунии истифодаи энергияи барқ тавассути истифодаи технологияи муосир корҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст», — афзуда буд Д. Ҷумъа.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






