«Ману мо сипари Тоҷикистонем»,-шарҳи матбуоти даврии ҷумҳурӣ

Февраль 10, 2022 15:27

ДУШАНБЕ, 10.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат хабару гузориш ва мақолаҳои сершумор ба нашр расониданд, ки шарҳи мухтасари онҳоро пешкаши  хонандагони сомона мегардонем.

Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият»  дар шумораи  №25 (24 385), душанбе, 7 феврали соли равон оғози сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, иштироки Сарвари давлат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ, вохӯрии Пешвои миллат бо сарварони якчанд давлатҳо, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин, Қарори Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ба нашр расонидааст.

Ҳамчунин дар ин шумора маводи таҳлилӣ таҳти унвони «Ману мо сипари Тоҷикистонем» чоп гардидааст. Дар он муаллиф- Шоири Ҳалқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Камол Насрулло чунин нигоштааст: «…дареғо, ки  инсоният аз ин ҳама сабақ намегирад, фоҷиаҳое, ки солҳои охир бар сари халқу кишварҳо меоянд, ба ҷойи он ки инсонҳоро барои мубориза бар алайҳашон муттаҳид созанд, баръакс, онҳоро дуртар аз ҳамдигар мегардонанд, ваҳшитар нисбат ба якдигар  месозанд. Масалан, банда гумон карда будам, ки пас аз хурӯҷи COVID-19 ва фоҷиаҳои инсоние, ки ба бор овард, абарқудратҳои ҷаҳон  мефаҳманд, ки инсоният бар алайҳи душмани сайёраву инсоният  бояд ба ҳам ояд, дасти ҳамдигар бигиранду нақшаи ягонаи мубориза бо ин фоҷиа ва маҳви онро маслиҳатомез ва бо мадади ҳамдигар тарҳрезӣ кунанд. Ман амин будам, ки ҳама тасвиб ва ҳукмҳои (таҳримҳои) душманона бар муқобили ҳарифон, амалҳои  хилофандозу харобиовару зарарнок ва нақшаҳои шадиди маҳви ҳамдигар, туҳматҳои бепояву беасоси зидди якдигар барҳам мехӯранд. Дард ва мушкили ягона, фоҷиаи умумии ба сари одамизод омада инсониятро ҳушдор хоҳад дод ва ба оғози ҳамдигарфаҳмиву ягонагӣ асос хоҳад гузошт. Аммо вовайло, ки баръакс шуд; хилофият, душманиву бадбинӣ, роҳандозии таҳримҳои навбанаву гаронтар пеш гирифта шуд…».

Дар ин шумораи нашрия шарҳи пурраи Низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ, хабарҳои кӯтоҳ аз ҷараёни нишастҳои вазорату идораҳои мамлакат ва зери рубрикаи «Ҷаҳон дар як сатр» хабару гузоришҳои ҷолиб аз хориҷи мамлакат ба нашр расидаанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум»  рӯзи сешанбе, 8 феврал №17-18  (4437-4438) дар саҳифаи аввали худ сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, сафари кории Сарвари давлат ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ дар мамлакат ва ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба нашр расонидааст.

Ҳамзамон хонандагони нашрия имкон доранд аз ин шумора замимаи низомномаҳои озмунҳои ҷумҳуриявиро мутолиа намояд.

«Народная газета»— нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №7 (20340), 9 феврали соли равон дар саҳифаи аввал сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ва мулоқоти Сарвари давлат бо Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чинро нашр кардааст.

Инчунин «Народная газета»  хабару мавод доир ба вазъи имрӯзаи мамлакат ва маводи таҳлилӣ таҳти унвони «Таджикистан-Кыргызстан: диалог-единственный путь решения проблем на межгосударствонной границе», «Работа дипломата-это неустанный труд по отстаиванию интересов своего государства», инчунин аз сомонаи АМИТ «Ховар» мавод таҳти унвони «В отношении «Талибана» все еще действуют санкции Совбеза ООН»  ва дигар матолибро ба нашр расонидааст.

«Минбари  халқ» — нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи №6 (1352), чоршанбе, 9 феврали соли 2022 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, сафари кории Пешвои миллат ва ифтитоҳи якчанд корхонаҳои саноатю биноҳои иҷтимоӣ дар ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар мамлакат ва мусоҳибаи Сарвари давлатро дар ВАО-и расмии Чин (СИНХУА, ССТV, CHINA NEWS SERVICE? ЖУНЬМИНЬ  ЖИБАО), ки нашр шуда буд, бознашр намудааст.

Ҳамзамон дар ин шумора мақолаҳо таҳти унвони «Иқтисоди рақамӣ чӣ медиҳад?», «Институти оиладорӣ», «Дарди муҳоҷир», «ЛЕЕР» Қазоқистонро наҷот дод», «Вожаи сиёсӣ» ва дигар хабару мавод пешкаши  хонандагони рӯзнома гардидаанд.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 10, 2022 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор даври дуюми маҳфил-озмун ҷамъбаст карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ 352 нафар таҳсил менамоянд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ ду ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Чӣ тавр метавонем дар Узбекистон бо интернет қарор дошта, чандин маротиба камтар маблағ сарф кунем
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУБОНӢ». Дар шаҳри Норак Рӯзи байналмилалии оила таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода нақшаи даъват пурра иҷро гардид