МД «Телевизиони Сафина» барои таҷлили сазовори иди Наврӯз барномаи ҷашнӣ омода менамояд

Февраль 8, 2022 16:32

ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани иди Наврӯз роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тасмим гирифтаанд, ки ба ноҳияҳову вилоятҳои Тоҷикистон сафар намуда, на танҳо барномаи консертӣ, балки оид ба  урфу одатҳое, ки хоси он маҳалҳо ва иди Наврӯзанд, барномаи хуб омода намуда, пешкаши бинандагон гардонанд.

Ин матлабро имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори  МД «Телевизиони Сафина» Носир Саид ба хабарнигорон иброз дошт. 

Дар мавриди баргузор нагардидани барномаҳои озмунӣ  директори муассиса иброз дошт, ки яке аз сабабҳои он- ин таъсири бемории коронавирус мебошад. «Мо соли гузашта озмуни “Беҳтарин”эълон карда будем ва хостем телевизионҳои дохилӣ ва телевизионҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон бо барномаҳои ҷолиб дар он иштирок варзанд, аммо аз сабаби бемории ҳамагир ин озмун мавқуф гузошта шуд. Айни ҳол мехоҳем онро аз сар эҳё кунем»,-тазаккур дод директори МД «Телевизиони Сафина».

Дар давраи ҳисоботӣ дар  шабакаи телевизионии «Сафина» ҷиҳати инъикоси ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд, мунтазам гузориш ва барномаҳои ихтисосӣ  таҳия ва манзури бинандагон гардонида шуданд. Масъалаҳои баланд бардоштани нафақа, таъсиси мактаб — интернати президентӣ барои  ятимону бепарасторон, мақоми зан дар ҷомеа, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳои болаёқат, риояи қоидаҳои гигиенӣ-пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ, соҳаи кишоварзиву боғдорӣ дар ин барномаҳо баррасӣ гардиданд.

Бо мақсади рушди фарҳангу ҳунар ва дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ МД «Телевизиони Сафина» имсол низ дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа-озмуни байналмилалии («Central Asia’s Got Talent») «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуд.

                                             АКСҲО: АМИТ “Ховар”

Февраль 8, 2022 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе