МД «Телевизиони Сафина» барои таҷлили сазовори иди Наврӯз барномаи ҷашнӣ омода менамояд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор таҷлил намудани иди Наврӯз роҳбарият ва кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» тасмим гирифтаанд, ки ба ноҳияҳову вилоятҳои Тоҷикистон сафар намуда, на танҳо барномаи консертӣ, балки оид ба урфу одатҳое, ки хоси он маҳалҳо ва иди Наврӯзанд, барномаи хуб омода намуда, пешкаши бинандагон гардонанд.
Ин матлабро имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори МД «Телевизиони Сафина» Носир Саид ба хабарнигорон иброз дошт.
Дар мавриди баргузор нагардидани барномаҳои озмунӣ директори муассиса иброз дошт, ки яке аз сабабҳои он- ин таъсири бемории коронавирус мебошад. «Мо соли гузашта озмуни “Беҳтарин”эълон карда будем ва хостем телевизионҳои дохилӣ ва телевизионҳои ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, Қазоқистон бо барномаҳои ҷолиб дар он иштирок варзанд, аммо аз сабаби бемории ҳамагир ин озмун мавқуф гузошта шуд. Айни ҳол мехоҳем онро аз сар эҳё кунем»,-тазаккур дод директори МД «Телевизиони Сафина».
Дар давраи ҳисоботӣ дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҷиҳати инъикоси ҷараёни иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буданд, мунтазам гузориш ва барномаҳои ихтисосӣ таҳия ва манзури бинандагон гардонида шуданд. Масъалаҳои баланд бардоштани нафақа, таъсиси мактаб — интернати президентӣ барои ятимону бепарасторон, мақоми зан дар ҷомеа, такмили ихтисос ва омода кардани кадрҳои болаёқат, риояи қоидаҳои гигиенӣ-пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоӣ, соҳаи кишоварзиву боғдорӣ дар ин барномаҳо баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади рушди фарҳангу ҳунар ва дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ МД «Телевизиони Сафина» имсол низ дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа-озмуни байналмилалии («Central Asia’s Got Talent») «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуд.
АКСҲО: АМИТ “Ховар”








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






