Мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ дар соли 2022 Будапешт интихоб шуд

Февраль 13, 2022 09:14

ДУШАНБЕ, 13.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар Будапешт Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ баргузор мешавад. Тавре АМИТ  «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора Федератсияи байналмилалии шиноварӣ (FINA) иттиллоъ додааст.

Президенти FINA Ҳусайн Ал-Мусаллам бо сарвазири Маҷористон Виктор Орбан мулоқот карда, дар бораи баргузории ин чорабинӣ дар моҳҳои июн ва июл ба мувофиқа расиданд.

Акнун ҳоло дар ҳар чор соли оянда Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ ба нақша гирифта шудааст.

Фукуока дар Ҷопон бояд имсол ин чорабиниро баргузор мекард, аммо бо назардошти бӯҳрони коронавирус дархост кард, ки он то моҳи июли соли 2023 ба таъхир гузошта шавад.

Доҳаи Қатар бояд Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обиро дар моҳи январи соли 2024 баргузор кунад ва дар Қазони Русия ин чорабинӣ соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ барои пойтахти Маҷористон бегона нест. Ин шаҳр соли 2017 мизбони ин мусобиқа буд. Будапешт, инчунин бояд дар соли 2027 барои мизбонии ин чорабинӣ дархост пешниҳод кунад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Февраль 13, 2022 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд