Мутахассисони Тоҷикистон ва Олмон дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 мубодилаи таҷриба менамоянд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ мутахассисони варзидаи Олмон барои мубодилаи таҷриба дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 дар Тоҷикистон қарор доранд. Дар назар аст, ки тайи ду ҳафта мутахассисони олмонӣ донишу таҷрибаеро, ки дар самти ташхис ва табобати сирояти нави COVID-19 доранд, ба табибони тоҷик омӯзонанд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
14 феврал гурӯҳи мутахассисони Олмон бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.
Зикр шуд, ки ташрифи табибони варзидаи олмонӣ ба Тоҷикистон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ, хосатан дар самти мубориза бар зидди сирояти нави COVID-19 ба шумор меравад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории техникӣ (GIZ) дар Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат маводи ташхисӣ барои муайян кардани сирояти нави COVID-19, алалхусус маводи масрафшаванда, ки барои 50 ҳазор тест пешбинӣ шудааст, тақдим карда шуд.
Дар асоси нақшаи корӣ сафари мутахассисони Олмон ба якчанд шаҳру навоҳии мамлакат ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҷараёни он суҳбату вохӯрӣ ва машваратҳо, инчунин боздид аз озмоишгоҳҳои минтақаҳои мамлакат дар назар аст.
То имрӯз дар самти ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирус табибони тоҷик бо мутахассисони варзидаи якчанд кишварҳои гуногуни дунё мубодилаи таҷриба намуда, дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






