МУЗОКИРОТ-ЯГОНА РОҲИ ҲАЛЛИ ИХТИЛОФҲО. Дар Ню-Йорк ҷаласаи фаврии Шӯрои Амнияти СММ дар пасманзари эътирофи ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 22.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ Розмари Ди Карло музокиротро ягона роҳи ҳалли ихтилофҳо миёни бозингарони калидӣ дар масъалаи Украина номид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ӯ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ, ки тавассути YouTube пахш мешавад, изҳори назар намуд.
«Мо аз оқибатҳои эҳтимолии таҳаввулоти охир барои музокирот дар масъалаҳои мавҷуда хеле нигарон ҳастем»,-гуфт ӯ. Ди Карло зикр намуд, ки «дар шароити хатарҳои кунунӣ ва номуайянӣ» музокирот анҷом додан муҳим аст.
Ҷаласаи фаврии Шӯрои Амнияти СММ дар пасманзари эътирофи истиқлоли ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск аз ҷониби Русия (ҶМД ва ҶМЛ) соати 21:00-и рӯзи душанбеи 21 феврал (7:00-и рӯзи сешанбеи 22 феврал ба вақти Душанбе) оғоз шуд. Ташаббускорони муҳокима Албания, Британияи Кабир, Ирландия, Мексика, Норвегия, ИМА, Украина ва Фаронса гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 21 феврал Президенти Русия Владимир Путин қарор дар бораи ба расмият шинохтани ҶМД ва ҶМЛ, инчунин шартномаҳо оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ бо ин ҷумҳуриҳоро ба имзо расонд.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






