Нақшаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 пурра амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 11.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли сипаригардида 67,1 фисади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо оби нӯшокӣ таъмин намуда, ният дорад то соли 2030 аҳолии кишварро пурра бо оби нӯшокӣ таъмин намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба доираи васеи рӯзноманигорон иттилоъ дода шуд.
Директори генералии корхона Усмон Давлатзода гуфт, ки дар ҷамъбасти соли сипаригардида ба истифодабарандагон ба миқдори 52 млн. 369 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас гардида, 21 млн. 793,6 ҳазор метри мукааб партовобҳои онҳо бароварда шуд.
Зикр карда шуд, ки бо кумаку дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла барқарорсозии системаи обтаъминкунию канализатсияи шаҳру ноҳияҳо сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи се лоиҳаи инвеститсионии амалишаванда, аз ҷумла Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимол-2» ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои мазкур корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки дар доираи ташаббусҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз ҷониби СММ эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 амалӣ шуда истодааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо пайгирии ин ташаббус айни замон зери сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангсозӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Маркази идораи Лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот»-ро ба маблағи 58 млн. доллари ИМА (грант) татбиқ менамояд.
Мақсади асосии татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ нигаронида шуда, татбиқи он асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Ҷ.Балхӣ, Левакант, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ ба нақша гирифа шудааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






