НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сангвор кай китобхонаи бачагона ба фаъолият шуруъ мекунад?

Февраль 7, 2022 15:18

САНГВОР, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чаро дар ноҳияи Сангвор  китобхонаи бачагона мавҷуд нест?

Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд зимни нишасти матбуотӣ намояндаи шуъбаи фарҳанги ноҳия посух дод, ки соли 2022  бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия китобхонаи бачагона ташкил карда мешавад.

Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон дар мавриди ҳолати роҳҳо гуфт, ки “дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 дар роҳи байналмилалии Нуробод – Сангвор – Дарвоз, ки талаботи аҳолиро  дар кашонидани маҳсулот миёни ноҳияҳо ва пойтахт таъмин менамояд,  барои рафтуомади мунтазами сокинони ҷумҳурӣ 168 тармаи калону майдаро тоза намуда, ба шаҳрвандон шароити ҳаракат дар роҳро муҳайё намудем. Ҳамчунин барои роҳҳои маҳаллии  ҷамоатҳои деҳоти ноҳия соли 2021 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ яксаду шаш ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот шуд, ки мушкилоти зиёди роҳҳои кӯҳистон бартараф гардиданд”.

Дар нишаст  зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳияи Сангвор  соли 2021 ба 447,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Аз ин 218,8 миллион сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ, 34,3 миллион сомонӣ  ба соҳаи савдо,  10,2 миллион сомонӣ  ба соҳаи хизматрасонии пулакӣ ва 181,1 миллион сомонӣ ба соҳаи саноат  рост меояд. Ҳамчунин  қисми даромади буҷети ноҳия соли 2021 ба ҷойи 6 миллиону 567 ҳазор сомонии нақшавӣ 14 миллиону 706 ҳазору 544 сомонӣ иҷро гардид, ки ба 224 дарсади нақша баробар мебошад.

АКСҲО: АМИТ «Ховар» 

Февраль 7, 2022 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад