НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Эълони Солҳои рушди саноат ба иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок замина мегузорад

Февраль 17, 2022 13:39

ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Солҳои рушди саноат  эълон гардидани солҳои 2022-2026 барои  мо, кормандони соҳаи геология  имконият фароҳам овард, ки дар иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок бештар заҳмат кашем, зеро мавриди истифода қарор додани  имконоту захираҳои  дохилӣ  ба рушди соҳаи саноат  замина мегузорад. Ҳамзамон бо ин корхонаҳои саноатии мамлакат аз вобастагӣ ба воридоти ашёи хом пурра раҳоӣ ёфта,  шароиту имконияти содиротӣ  фароҳам оварда мешавад. Ин матлабро Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз кард.

Ҳамзамон мавсуф афзуд, ки дастоварди назарраси соҳа дар соли сипаригардида — ин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани  «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2021-2030» мебошад.

«Вазифаҳои асосии  барномаи мазкур,–гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода,- ин муайян намудани самти асосии  омӯзиши геологӣ,  азнавбарқароркунӣ,  истифода ва ҳифзи захираҳои  ашёи минералӣ,  назорати равандҳои  хатарноки  геологӣ,  омӯзиш ва мониторинги обҳои  зеризаминӣ буда,  иҷрои масъалаҳои геологӣ дар доираи  Стратегияи рушди саноат  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2030  пешбинӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани  ин имконот бояд тадбир андешем».

Зикр карда шуд, ки соли 2021 аз рӯи лоиҳаи “Кадастри давлатии об” мушоҳидаи реҷавӣ дар 64 обанбори шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияҳои Файзобод, Данғара, Темурмалик ва Восеъ, мушоҳидаҳои такрорӣ дар 100 обанбор гузаронида шуда, 30 маҳак барои гузаронидани ташхиси химиявӣ гирифта шуд.

Ҳамзамон мутобиқи  лоиҳаи “Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва иҷтимоӣ” дар ҳудуди деҳаи Шӯроби Искандари шаҳри Ҳисор як пармачоҳ дар жарфи 100 метр, дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ дар мавзеи обанбори оби нӯшокии ноҳия як пармачоҳ бо ҳаҷми 70,0 м ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -110 м парма карда шуданд.

«Дар давраи ҳисоботӣ 25 пармачоҳи об дар ҳудуди вилояти Суғд тариқи шартнома ба истифода дода шуд. Ҳаҷми корҳо ба 2058 м.т баробар буда, аз ин миқдор 1555 м.т бо тарзи пармакунии роторӣ ва 503 м.т бо усули зарбазании танобӣ иҷро гардид», — гуфт Сардори Саридораи геология.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2022 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд