НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тибқи Кодекси нави андоз имтиёзҳо зиёд гардиданд, ки ин сабаби хавф мегардад. Чӣ бояд кард?
ДУШАНБЕ, 02.002.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар мавриди он ки дар сурати зиёд пешбинӣ гардидани сабукӣ ва имтиёз ба андозсупорандагон оё ин ҳолат сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз намешавад, чунин гуфт:
«Албатта, ҳангоме ки имтиёзҳо зиёд гардиданд, дар ин самт хавф ба вуҷуд меояд. Аммо дар ҳолати ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди истеҳсолот, ташкили коргоҳу корхонаҳои саноатии нав, дуруст истифода бурдани имтиёзҳо ва, аз ҳама муҳим, сари вақт супоридани андозҳою риояи қонунгузории мазкур аз ҷониби андозсупорандагон манбаъҳои иловагӣ ба миён омада, ин хавфро аз байн мебаранд».
«Кодекси нави андоз ба андозсупорандагон имтиёзи бештаре дода, ҳамзамон дар фаъолияти озоди соҳибкорӣ марҳилаи нав ворид менамояд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 намуд кам карда шуда, меъёрҳои андозӣ аз даромади шахсони воқеӣ низ паст карда шудаанд. Қаблан он 8 ва 13 фоизро ташкил медод, вале дар кодекси нав 12% муқаррар гардидааст. Меъёри андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ аз 23% ба 20% баробар карда шуд. Ҳамчунин он маблағҳое, ки сармоягузорон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва хариди таҷҳизоти нав ба корхона ворид мекунанд, дар шакли истеҳсолот аз 5 то 10% дар соли аввал пешбинӣ шудааст, ки ин ҳам ба рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад»,- иттилоъ дод ба хабарнигорон муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода.
Мавсуф иброз дошт, ки тибқи моддаи 251-и Кодекси андоз, воридоти ҳама гуна таҷҳизоти кишоварзӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо ва таҳвили минбаъдаи он дар ҷумҳурӣ аз андоз озод карда шудааст.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки бо назардошти аз 1 январи соли равон мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва бо мақсади бо шаҳрвандон, мутахассисион ва андозсупорандагон анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба муқаррароти Кодекси нави андоз дар кумита нақшаи чорабиниҳо қабул гардида, тибқи он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор 13 барномаи телевизионӣ омода ва намоиш дода шуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






