ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад

Февраль 12, 2022 08:33

ДУШАНБЕ, 12.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо баъзан бориши борон ва барфи тар ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4  дараҷа гарм, рӯзона 5+10  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  3+8 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон бебориш, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм,  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

 

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар

Февраль 12, 2022 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт