ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши борон ва барфи тар дар назар аст
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9-12 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ фаромадани тормеғ (туман) боқӣ мемонад. Инчунин 9-11 феврал дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Душанбе–Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ—Ҷилондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда шабона ва саҳаргоҳон борон борида, рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барфи тар ба амал меояд. Рӯзона асосан бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






