ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши борон ва барфи тар дар назар аст

Февраль 9, 2022 08:09

ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  9-12 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ фаромадани тормеғ (туман) боқӣ мемонад. Инчунин  9-11 феврал дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, Туркистон, Зарафшон ва дар баъзе  минтақаҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар шоҳроҳҳои Душанбе-Чанок, Душанбе–Лахш, Душанбе–Рашт, Душанбе–Сангвор, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб, Хоруғ—Ҷилондӣ зуҳуроти яхбандӣ ва фаромадани тарма боқӣ мемонад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 27-32 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борон борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  дараҷа гарм, рӯзона 4+9  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2  дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда шабона ва саҳаргоҳон борон борида, рӯзона асосан бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ бориши борон ва барф, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  0+5 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои қисман абрнок шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бориши борон ва барфи тар ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон бориши борон ва барфи тар ба амал меояд. Рӯзона асосан бебориш дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2022 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд