Аз 12,5 ҳазор номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин 4,5 ҳазор ном ғайримеъёр ва 32 адад такрор буданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода 14 феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки соли 2021 кумита бо дигар ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ 12,5 ҳазор номи ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ин шумора 4,5 ҳазор ном ғайримеъёрӣ буда, 32 адади он номҳои такроршавандаи маҳалҳои аҳолинишин буданд.
«Такрор шудани номҳои ҷуғрофӣ мумкин аст — ин таҷрибаи ҷаҳонист. Аслан номҳои ҷуғрофӣ — ин майдонҳо, киштзор, талу теппаҳо, дараҳо мебошанд. Имрӯз дар харитаи ҷуғрофии ҷумҳурӣ низ мушоҳида мегардад, ки номҳои ҷуғрофӣ зиёд такрор шудаанд. Вале номи маҳалҳои аҳолинишин набояд такрор шавад, чунки инҳо нишонӣ ҳастанд, ки такрор ёфтанашон ба фаъолияти баъзе сохторҳо, аз ҷумла кори почта халал мерасонад. Мо ин масъаларо баррасӣ ва барои такрор нашуданашон номҳои нав пешниҳод намудем», — баён дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар кумита номгузории 17 муассисаи таълимӣ ва 46 ташкилоту муассиса, 1 майдон, 1 кӯча аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба муқаррароти Қонуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар умум ба 65 номгузорӣ хулоса пешниҳод карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои охир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, эҳёи номҳои чуғрофӣ ва таърихию бостонии маҳалҳои аҳолинишини кишварамон бисёр шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот номи худро дигар карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






