Аз 12,5 ҳазор номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин 4,5 ҳазор ном ғайримеъёр ва 32 адад такрор буданд

Февраль 15, 2022 11:40

ДУШАНБЕ, 15.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода 14 феврал зимни нишасти матбуотии ниҳодаш ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки  соли 2021 кумита бо дигар ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ 12,5 ҳазор номи ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ин шумора  4,5 ҳазор ном ғайримеъёрӣ буда, 32 адади он номҳои такроршавандаи маҳалҳои  аҳолинишин буданд.

«Такрор шудани номҳои ҷуғрофӣ мумкин аст — ин таҷрибаи ҷаҳонист. Аслан номҳои ҷуғрофӣ — ин майдонҳо, киштзор, талу теппаҳо, дараҳо мебошанд. Имрӯз дар харитаи ҷуғрофии ҷумҳурӣ низ мушоҳида мегардад, ки номҳои ҷуғрофӣ зиёд такрор шудаанд. Вале номи маҳалҳои аҳолинишин  набояд такрор шавад, чунки инҳо нишонӣ ҳастанд, ки такрор ёфтанашон ба фаъолияти баъзе сохторҳо, аз ҷумла кори почта халал мерасонад. Мо ин масъаларо баррасӣ ва барои такрор нашуданашон номҳои нав пешниҳод намудем», — баён  дошт Олимҷон Муҳаммадҷонзода

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар кумита номгузории 17 муассисаи таълимӣ ва 46 ташкилоту муассиса, 1  майдон, 1 кӯча аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот дар робита ба муқаррароти Қонуни забон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар умум ба 65 номгузорӣ хулоса пешниҳод карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои охир бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ, эҳёи номҳои чуғрофӣ ва таърихию бостонии маҳалҳои аҳолинишини кишварамон бисёр шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку деҳот номи худро дигар карданд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2022 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд