«ҶОМИ РУШД-2021». Футболбозони навраси тоҷик дар ин мусобиқа ҷои чорумро ишғол карданд

Февраль 14, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 14.02.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Мински Беларус мусобиқаи 18-уми  байналмилалии «Ҷоми рушд»  оид  ба футбол анҷом ёфт. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон   бо роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар он ҷои чорумро ишғол карданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби наврасони  то  17-солаи  Беларус   бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд. Дар бозиҳои гурӯҳӣ дастаи  мунтахаби наврасони футболи  Тоҷикистон    бо дастаҳои мунтахаби  наврасони Молдова (2:2) ва «Динамо-Минск» (U-17) (2:2) мусовӣ бозӣ карда, бар дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  бо  ҳисоби 3:2  ғалаба ва аз дастаи мунтахаби  наврасони Беларус   бо  ҳисоби  2:3  мағлуб гардид. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи   Исроил, ки дар финал бар дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи  Беларус   пирӯз гардид, ғолиби  «Ҷоми рушд-2022»  шуд. Вақти асосии бозӣ  бо ҳисоби мусовӣ-2:2  анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметрӣ бахт ба рӯи дастаи мунтахаби наврасони Исроил хандида, бо ҳисоби  3:1 ғолиб омаданд.

Ҳамлагари дастаи мунтахаби наврасони  Тоҷикистон  Масрур Ғафуров бо шаш гол беҳтарин нишонзани «Ҷоми рушд-2022» дониста шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2022»

Бозӣ барои ҷои нуҳум
«Динамо-Минск» (U-17) – «Минск» (U-17) – 2:1

Бозӣ барои ҷои ҳафтум
Молдова (U-16) – Гурҷистон (U-17) – 0:7

Бозӣ барои ҷои панҷум
Қирғизистон (U-16) – Узбекистон (U-17) – 1:3

Бозӣ барои ҷои сеюм
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Беларус (U-17) – 0:4
Финал

Беларус (U-16) – Изсроил (U-17) – 2:2. Пеналти – 1:3

 

АКС: ФФТ

Февраль 14, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад