«ҶОМИ РУШД-2021». Футболбозони навраси тоҷик дар Минск дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 07.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2021», ки 5 феврал дар пойтахти Беларус – шаҳри Минск оғоз шуда, то 14 феврал идома меёбад, иштирок мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои ғолибият дар мусобиқа даҳ даста мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон вомехӯрад.
Ба гурӯҳи «В» дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Беларус, Молдова, Баҳрайн, Узбекистон ва Исроил шомил шудаанд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар Минск
Гурӯҳи «А»: Беларус (U-17), Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Эрон.
Гурӯҳи «В»: Беларус (U-16), Молдова, Баҳрайн, Узбекистон, Исроил.
АКС аз ФФТ








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






