«ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!». Дар Тоҷикистон 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бошукӯҳ таҷлил гардид

Февраль 23, 2022 17:41

ДУШАНБЕ, 23.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ба тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, ки тайи қариб сӣ сол ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда истодаанд, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар фаъолияти душвору пуршарафашон барору комёбиҳо орзу менамоям». Чунин зикр намуданд имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаҳои тантанавӣ баргузор намуданд.

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат вохӯрии устодон, кормандон ва донишҷӯён бо собиқ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев доир шуд.

Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Шералӣ Хайруллоев дар мавзӯъҳои тарбияи ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат, Президент, ҳимояи ҳар ваҷаб замини Тоҷикистон, баланд бардоштани эҳсоси ворисият аз марзу буми мамлакат дар ниҳоди ҷавонон, худшиносию худогоҳии миллӣ, таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сухан намуд.

«Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи навсозии Артиши миллӣ имрӯз дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат барои афсарону аскарон пойгоҳҳои ҳозиразамони ҳарбӣ бунёд гардидаанд. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгириҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст»,- зикр намуд ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ дар ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

Зикр шуд, ки “тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар шароити бисёр ҳассос ва вазъи ниҳоят мураккабу ноустувори минтақа ва ҷаҳони имрӯза мову шумо — устодону донишҷӯён бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлоли давлатиро аз даст надиҳем”.

21 феврал дар Академияи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таҷлили ботантанаи Рӯзи Артиши миллӣ бо иштироки собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, олимон, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва кормандон баргузор шуд.

Сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода дар бораи лаҳзаҳои таърихии таъсиси Артиши миллӣ ва хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, гуфт, ки мо бояд ба қадри заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи саросарӣ бирасем, ҳамеша дар пойдории манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омода бошем.

«Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари боэътимоди мамлакат мебошад. Тибқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа, Артиши миллии Тоҷикистон бинобар ҷангдида ва корозмуда будан яке аз пурқувваттарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа ҳисобида мешавад», — гуфт директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни баргузории намоиши ҷашнӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба ифтихори 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат доир гардиданд.

Дар намоиши ҷашнӣ намояндагони Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии ҷумҳурӣ, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон нақша дорад, ки аз 20 то 23 феврал 1500 нафар афсарону сарбозонро ба таври ройгон ба тамошои экспозитсия ва намоишҳои ҷашнии осорхона ҷалб намояд.

Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллии мамлакат дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад. Чунин иброз намуд муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Саиднахш Раҳмонзода 22 феврал дар ҷамъомади тантанавӣ дар қисми низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саиднахш Раҳмонзода сарбозон ва афсарони қисми низомии мазкурро аз номи Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки дар замони Истиқлолият бино ва иншооти маъмурию хизматрасонии қисму воҳидҳои Қӯшунҳои дохилии ВКД бунёд ва навсозӣ гардида, барои беҳдошти фаъолияти хизматӣ, истироҳату фароғат ва вазъи моддӣ-маишӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуданд.

Дар Кохи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки ҷанговарони интернасионалист – кормандони соҳа ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода собиқадоронро ба ин муносибат табрик гуфта, изҳор дошт, ки имрӯзҳо Артиши миллӣ бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи марзу буми кишвар пурра омода аст. Зикр шуд, ки насли имрӯза бояд шукронаи сулҳу субот кунад, зеро дастовардҳое, ки дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мушоҳида мешаванд, натиҷаи сулҳу субот аст.

Дар ҷамъомад ба ҳамаи ҷанговарони интернатсионалист туҳфаҳои молӣ ва хотиравӣ супорида шуданд.

22 феврал бахшида ба 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Комиссариати ҳарбии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҷамъомад дар бораи таърихи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи Ватан, ҳифзи марзу бум, эҳтироми арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки адои хизмати ҳарбӣ — хизмат намудан ба Ватан, қарзи шаҳрвандии ҳар фард буда, имрӯз ҳар яке аз мо вазифадорем, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоем.

Дар фароварди ҷамъомад намояндаи Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз омӯзгорони фаъол ифтихорномаҳои Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илмро бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тақдим намуд.

Бахшида ба ин ҷашн дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, воқеъ дар ноҳияи Лахш бо иштироки раиси ноҳия Файзулло Баротзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳои ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шумораи зиёди ҷавонони синни даъватӣ намоиши машқҳои ҳарбӣ-варзишии ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозони ин қисми низомӣ баргузор шуд. Ҳамчунин дар ин рӯзи хурсандибахш дар ин қисми низомӣ дарҳои кушод эълон гардид, ки волидайни сарбозон ба аёдати фарзандонашон омада, аз шароити хизмати фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабар гардиданд ва дар якҷоягӣ бо фарзандонашон 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд.

Инчунин дар қисмҳои низомии ҳудуди ноҳияи Лахш чорабиниҳои идонаи варзишӣ доир гардиданд, ки асосан ҷавонони синни даъватӣ бо сарбозон аз рӯи намудҳои шашка, шоҳмот, вазнбардорӣ, волейбол ва дастхобонӣ қувваозмоӣ намуданд. Муовини якуми раиси ноҳияи Лахш Акрам Асомидинзода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Хуршед Икромӣ ва фаъолону ҷавонон ба дидори иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ақибгоҳ Абдулҳақ Ханов рафта, аз ҳолу аҳволаш бохабар гардида, ба ӯ туҳфаҳо супориданд. Абдулҳақ Ханов аз ин ғамхориҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдорӣ баён дошт ва ҷиҳати ободии Ватан ва пешрафту тараққиёти он дуои нек кард.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони мақомоти мудофиаи мамлакат ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро аёдат намуд.

Ин иқдомҳои роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, мояи сарбаландиву ифтихори собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ташабусҳои иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти онҳо изҳори сипос намуда, тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ миёни ҷомеа ва тарбияи насли ҷавонро дар руҳияи меҳандӯстиву ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз рисолат минбаъдаи худ арзёбӣ намуданд.

«Артиш такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат» -таҳти чунин унвон имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав ҳамоиши тантанавӣ доир шуд.

Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ҳамаи афсарону сарбозони низомӣ, хизматчиёни ҳарбии низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро ба муносибати 29- солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат табрик намуда, зикр дошт, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби шуҷоату далерӣ ва мардонагӣ буда, ҷиҳати обутоб ёфтани ҷавонон саҳми арзанда дорад.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат иброз намудаанд, ки «аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст» — афзуд Ҷаббор Носирзода.

Дар идомаи ҷамъомад шахсоне, ки дар таҳкими сулҳу субот, сафарбарии муташаккилона ва саривақтии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлату ҳукумат хидмат намудаанд, бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ бо таҳияи суруду таронаҳо дар васфи ҳомиёни марзу буми кишвар ва иҷрои саҳначаҳои ҳаҷвӣ барномаҳои фарҳангии таҳрезишуда манзур гардиданд.

Инчунин 22 феврал Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода ба қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав рафта, бо сарбозону афсарони ин мактаби шуҷоату мардонагӣ вохӯрӣ намуда, бо шароити ҳуҷраҳои истироҳатӣ, корию хизматӣ, ошхона ва дигар ашёи барои хизмати сарбозон зарур шинос шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст ва имрӯз пурра ҳимояи марзу буми меҳани аждодиро ба дӯши худ гирифтааст. Чунин иброз намуд имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Норак дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 29-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода. Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Дилшод Асозода саҳми арзандаи ҳар собиқадори хизмати ҳарбиро дар баланд бардоштани обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон таъкид намуда, дар вазъи тантанавӣ мукофотҳоро ба соҳибонашон супорид.

Ҷамъомади тантанавиро барномаи рангини ҳунарии аҳли санъати шаҳри Норак зебу зинат бахшид.

Инчунин 22 феврал таҳти унвони «Мо посдори Ватанем» дар қисми низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Норак ҳамоиши ҳизбӣ бахшида ба 29-солагии таъсиси Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зикр шуд, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва сипари баэътимоди мамлакат мебошад. Ҷавонони тоҷик идомадиҳандаи корнамоӣ ва ҷасорату далерии гузаштагони номдори худ ҳастанд.

«Ҳомиёни Ватан»-таҳти ин унвон имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ Абдусалом Мирализода иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлоли давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ҷиҳати барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми арзишманд гузошт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити бисёр душвори солҳои 90-ум бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми мамлакат ба бунёди Артиши миллӣ шурӯъ намуд ва 23 феврали соли 1993 аввалин паради расмии низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир шуда, манбаи илҳоми ҷавонон ва шуълаи умеди мардум ба фардои дурахшони Ватан гардид.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатиро баҳри болидарӯҳии ҳозирин кормандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов пешниҳод намуданд.

Имрӯз, 23 феврал ба ифтихори таҷлили 29-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода аз дидбонгоҳи сарҳадии Тишори Ҷамоати деҳоти Поршинев дидан ба амал оварда, ба ин муносибат ҳайати шахсӣ ва сарбозону афсарони дидбонгоҳи сарҳадиро табрик гуфта, ба ҳамаи ҳомиёни содиқи Ватан тансиҳативу сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулу бошарафашон муваффақият орзу намуд.

Ҳамзамон бархе аз афсарон ва сарбозони дидбонгоҳи сарҳадӣ бо Ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

Сипас аз ҷониби сарбозон дар майдончаи дидбонгоҳи низомӣ машқҳои ҳарбӣ бо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ намоиш дода шуд.

Раиси ноҳия бо шароити хизмати сарбозон дар дидбонгоҳи сарҳадӣ шиносоӣ пайдо намуда, бо сарбозон дар сари дастархони идона суҳбати самимӣ доир намуд.

Аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барои сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ пешниҳод шуд.

Рӯҳияи имрӯзаи мардумро дар саросари мамлакат бо ин мисраҳои шоири шаҳири тоҷик Ғаффор Мирзо метавон ифода намуд, ки рӯзноманигор, корманди маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҶТ Зайнаб Ҳусейнова (ДАР АКС) дар саҳифаи худ дар шабакаи Фейсбук ҷой додааст:

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Дар баду неки ӯ шарик ман нашавам, кӣ мешавад?
Ҳифзу вафои ӯ шиор ман накунам, кӣ мекунад?

 

 

 

Таҳияи
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

 АКСҲО: идораҳои марбута

Февраль 23, 2022 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН. Созмони Милали Муттаҳид ба таҷлили Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз намуд
Дар Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо оғоз гардид
Масъуд Пизишкиён: «Дар Тоҷикистон эҳсоси ғурбат намекунам»
Эмомалӣ Раҳмон Масъуд Пизишкиёнро ба ҷашни Наврӯз даъват намуданд
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
САДА, ИН ПАРТАВИ ХУРШЕДИИ ИСТИҚЛОЛ АСТ! Имсол ин ҷашни бостониро дар Тоҷикистон 25-26 январ ҷашн мегиранд
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ фарогири дастуру супоришҳо, нақшаву пешниҳодҳо ва стратегияву ҳисобот мебошад
ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст