Озарбойҷон ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дод, то бо роҳи ҳавоӣ вориди ин кишвар шаванд

Февраль 16, 2022 11:34

ДУШАНБЕ, 16.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти Озарбойҷон вуруди шаҳрвандони 17 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро тавассути ҳавопаймо иҷозат дод. Ба гузориши АМИТ «Ховар», дар ин бора сомонаи Девони Вазирони Озарбойҷон хабар медиҳад. Қарори дахлдорро дирӯз, 15 феврал, Сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов ба имзо расонд.

Бар асоси ин қарор  Озарбойҷон фазои ҳавоии худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Гурҷистон, Молдова, Ҳиндустон, Покистон, Эрон, Индонезия, Таиланд, Албания, Ҷумҳурии Доминикан, Филиппин, Колумбия, Перу, Тунис ва Венесуэла боз мекунад.

Тибқи қарор, мусофирони ҳавопаймо бояд якчанд ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шаҳодатномаи эмкунии пурра ё шифо ёфтан аз коронавирус дошта бошанд. Ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи натиҷаи манфии санҷиши ПТР низ зарур аст, ки давоми 72 соат аз рӯзи нашри натиҷа эътибор дорад.

Чунин талабот танҳо ба мусофирони аз 18-сола боло дахл дорад. Шаҳрвандони то 18-сола бояд натиҷаи санҷиши ПСР- манфӣ дошта бошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 16, 2022 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон