Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои Президенти Беларус, ки дар шаҳри Минск баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи самбои Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо қариб 150 варзишгар аз 11 кишвар – Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Исроил, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Юнон иштирок карданд.
Дар ин мусобиқаи ҷолиб Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаш варзишгар – ду нафар оид ба самбои варзишӣ ва чаҳор нафар оид ба самбои размӣ намояндагӣ карданд. Аз байни шаш паҳлавони тоҷик танҳо Разавӣ Навбаҳоров медал ба даст овард. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни то 79 кило мақоми сеюмро касб намуд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Зимнан, дар ин мусобиқа дастаи мунтахаби Русия бо касби 13 медали тилло, 4 нуқра ва 6 биринҷӣ дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ мақоми аввалро касб кард. Дастаи мунтахаби Гурҷистон соҳиби ҷои дуюм ва дастаи мунтахаби Беларус соҳиби ҷои сеюм шуданд.
Мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо дар Минск барои самбочиёни тоҷик нахустин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими соли 2022 ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки Разавӣ Навбаҳорови 21-сола солҳои ахир дар якчанд мусобиқоти байналмилалӣ оид ба самбо ва самбои размӣ ширкат карда, дар рақобатҳо миёни наврасону ҷавонон ва бузургсолон муваффақ гаштааст. Чунончи, ӯ дар мусобиқаи байналмилалии самбо «Берлиниада – 2018» дар шаҳри Берлини Олмон дар рақобатҳо дар вазни то 62 кило бо медали тилло сарфароз гашт.
Разавӣ Навбаҳоров соли 2018 дар Ҷоми ҷаҳонии самбо миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Новий Сади Сербия доир гардид, дар вазни то 57 кило бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Разавӣ Навбаҳоров соли 2019 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Муғулистон шаҳри -Улан-Батор баргузор шуд, дар вазни то 70 кило байни наврасон медали нуқра ба даст овард. Инчунин ҳамон сол вай дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар Исроил дар вазни то 68 кило бар рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон ғолиб омада, соҳиби медали тилло гардида буд.
Хотиррасон мешавем, ки мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба самбо барои ҷоизаҳои Президенти Беларус 12-13 феврали соли 2022 дар шаҳри Минск баргузор шуд.
АКС: аз манбаъҳои боз








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






