Палатаи савдо ва саноат: Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 17.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бори нахуст маҳсулоти хушкмеваи ватанӣ, аз ҷумла ширкати содироткунандаи «Зардолу ва К» ва махсулоти аз санг коркардшудаи ширкати «Асрори Санг» ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтанд. Дар ин бора имрӯз Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ҷумъахонзода, Палатаи мазкур ҳамчун танзимгари миллӣ барои дар сатҳи баланд иштирок намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии “Экспо 2020” дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ корҳои муҳимеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар заминаи ин намоишгоҳ ду корхонаи болозикр имкон пайдо намуданд, ки маҳсулоти худро ба бозори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ворид созанд.
Зикр карда шуд, ки соли сипаригардида тибқи дархости вазорату идораҳо Палатаи марказӣ ва палатаҳои вилоятӣ дар ташкил ва баргузории 17 намоишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат намуда, иштироки зиёда аз 900 нафар соҳибкорони ватаниро ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ таъмин намудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 дар давлатҳои хориҷаи дуру наздик намояндагиҳои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикстон ба 10 нафар расонида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 нафар зиёд мебошад. Намояндагиҳо ба рушди робитаҳои мутақобилаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни ин давлатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
Ҷамшед Ҷумъахонзода иброз намуд, ки дар солҳои минбаъда Палата кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки намояндагиҳои худро дар дигар давлатҳои калидӣ низ дошта бошад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО – 2020» муддати 6 моҳ: аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ амал мекунад.
Аз оғози кушодашавии павилиони Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин давра аз он зиёда аз 300 ҳазор нафар меҳмонон дидан намуда, бо фарҳангу нигораҳои таърихӣ, имконияти сармоягузориву сайёҳии кишвар, ҳайвонҳои нодир ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон шиносоӣ пайдо намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид






