Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои сокинони вилояти Суғд дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар назди роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он барои истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии ҷашни умумимиллии Истиқлолият дастуру супоришҳо доданд.
Дар се соли охир дар вилояти Суғд беш аз 8 ҳазор иншоот бо таъсиси 21 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди корҳои назарраси то имрӯз амалигардида, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат нақшаи корҳои ободониву бунёдкориро барои давраи то соли 2026 бо дарназардошти натиҷаҳои татбиқи нақшаи қаблӣ, таҳлили вазъи воқеии шаҳру ноҳияҳо, нақшаи генералии ҳар яки онҳо ва фароҳам овардани шароити инфрасохтории ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар муҳлати муайяншуда таҳия ва пешниҳод намоянд.
Соли 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,1 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2020 мутаносибан 2 ва 2,3 баробар зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурраи имкониятҳо, расидан ба ҳадафҳои муайянкардаи Ҳукумати мамлакат ва таъмин намудани рушди устувори вилоят ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор иҷрои сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳои ба барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021-2025 воридшударо таъмин намуда, банақшагириро дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ воқеъбинона, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва риояи принсипҳои «иқтисоди сабз» ба роҳ монанд ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди инфрасохторӣ, ҷалби боз ҳам бештари сармояи ватаниву хориҷӣ ва рушди соҳаҳои афзалиятнок диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 50 миллиард сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Дар ин давра барои тараққиёти бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳудуди вилоят 56 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 19 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз 2,3 миллиард сомонӣ аз худ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро вазифадор намуданд, ки якҷо бо роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои самаранок татбиқ кардани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии дар вилоят татбиқшаванда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Бо вуҷуди 105,8 иҷро гардидани нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи на ҳама намудҳои андоз пурра таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет беш аз 104 миллион сомонӣ маблағ ворид нашудааст.
Бинобар ин, масъулони соҳа ва роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки дар самти ташаккули буҷети маҳаллӣ ва истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҳои қатъӣ андешида, то нимсолаи якуми соли 2022 аз қабули буҷети иловагӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз ҷиҳати саривақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, кам кардани бақияпулии онҳо, роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳо, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки барои дастрасии соҳибкории хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок, махсусан дар ноҳияҳои дурдасти вилоят ва умуман зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки рушди соҳаҳои саноати металлургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи бештар аз захираҳои ашёи хоми вилоят тавассути коркарди пурраи маъдан, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридотро афзоиш диҳанд.
Андешидани тадбирҳо дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияҳои замонавӣ ва дар ин замина таъмин намудани диверсификатсияи истеҳсолот ва дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим номида шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Cуғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифа гузоштанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва роҳ надодан ба қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳо чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, бахусус, сармояи мустақим ва тақвияти иқтидори истеҳсолии вилоят бо истифодаи технологияҳои муосир тадбирҳои мушаххас андешанд.
Роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар самти боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ вазифадор шуданд.
Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркарди ашёи хоми ватанӣ, бахусус, нахи пахта, пилла, мева ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Соли 2021 кишоварзони вилоят ба маблағи 12,3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 7,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар баробари ин, дар ҳудуди вилоят коҳишёбии майдони кишти як қатор зироатҳо ба қайд гирифта шудааст.
Ба масъулони соҳа барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, барқарорсозии боғҳои кӯҳна, бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва риояи талаботи агротехникӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳбарону масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастур дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута дар самти истифодаи самараноки обу замин, зиёд намудани майдони кишт, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, инчунин нигоҳдорӣ, коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки илова бар ин, бояд корҳо доир ба ташкили корхонаҳои чорводориву парандпарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ вусъат дода шаванд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агенти беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва аз худ кардани заминаҳои нав тадбирҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ истифодаи самараноки замин ва низоми обёрии вилоятро таъмин намоянд.
Доир ба ҳалли масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки доир ба таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо ва байни маҳалҳои аҳолинишин, инчунин, дар самти нигоҳдории роҳҳо бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба хотири рушди соҳаи маориф Сарвари давлат роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм барои таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳои русиву англисӣ тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати соҳибкасб гардонидани сокинон ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳои шуғлнокӣ аз Президенти мамлакат вазифаҳои мушаххас гирифтанд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин, вазифадор шуданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд.
Вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ зарур шумурда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва эмгузаронии пурраи гурӯҳҳои мақсадноки аҳолии вилоят вусъат дода шаванд.
Дар байни аҳолӣ корҳо дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшидан, ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кардани ҷавонон ва дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кардани онҳо аз вазифаҳои муҳимми роҳбарону фаъолон номида шуд.
Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини Суғди бостонӣ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти нишондиҳадаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлоат ҳисобот доданд.