Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд

Февраль 24, 2022 21:11

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 24 феврал Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо музокиротро дар доираи мулоқоти хосса оғоз карда, дар сиғаи васеъ бо иштироки ҳайатҳо идома доданд.

Дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю шарикии стратегии Тоҷикистону Русия, ҳамчунин ҷанбаҳои мубрами вазъияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо зикри таҷлили 30-солагии муносибатҳои дипломатии кишварҳо, ки ба 4 апрел рост меояд, аз робитаҳои ҳасанаи дӯстӣ, сатҳи баланди боварию эътимоди байниҳамдигарӣ, шарикии стратегӣ ва натиҷаҳои пурмаҳсули ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.


Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия дар миёни афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус доранд ва дар ин росто, робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳимми ин муносибатҳо мебошанд.

Зикр гардид, ки солҳои охир бо талошҳои муштарак муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи парламентҳо, ба сатҳи сифатан нав баромаданд.


Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки палатаҳои болоии парламентҳои ду кишвар дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия робитаҳои зичро ба роҳ монда, пеш мебаранд.

Дар рафти суҳбат оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша сурат гирифт.

Дар ин зимн ҷонибҳо аз раванди баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Зимни суҳбат, инчунин, масъалаҳои амният, афзоиши хатарҳои фаромиллӣ ва вазъи имрӯзаи Афғонистон ва минтақа мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дидорбинии имрӯза ва ҳамчунин натиҷаҳои Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ», ки дар ҳошияи сафари расмии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко 25 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистону Русия такони тоза мебахшанд.

 

АКСҲО: ММ МО ҶТ

 

Февраль 24, 2022 21:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд