Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 08.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Александрович Денисенкоро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рустами Эмомалӣ дар оғози суҳбат В.А. Денисенкоро ба муносибати Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданаш самимона табрик гуфтанд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз вазъи муносибатҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистон ва Беларус бо таваҷҷуҳ ба робитаҳои қавии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, ки аз мулоқоти мунтазами сатҳи олии роҳбарони ду давлат сарчашма мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Беларусро дар сиғаи дуҷониба, инчунин дар доираи созмонҳои байниминтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Дар баробари ин, зарурати муҳокимаи вазъ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷониба миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҷумҳурии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, инчунин дар доираи меъёрҳои ҳуқуқиву қонунгузорӣ тақвият додани натиҷаҳои назарраси бадастовардаи шохаҳои ҳокимияти иҷроияи ду кишвар таъкид карда шуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






