Роҳбарияти Бонки миллӣ ба донишҷӯёни ДДТТ доир ба вазъи низоми бонкӣ рӯнамо пешниҳод намуд

Февраль 17, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 17.02.2002 /АМИТ «Ховар»/. «Дигаргунсозии ниҳодии бахши бонкӣ дар Тоҷикистон дар шароити мураккаби иқтисодӣ, барқарорсозии эътимоднокӣ ва боварӣ»- таҳти чунин унвон бо ибтикори роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода изҳор дошт, ки баргузории ҳамоиш иқдоми саривақтӣ буда, ба такмили сатҳи донишу малака, тавсеаи тафаккури молиявӣ ва ҷаҳонбинии иқтисодии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода зикр намуд, ки ҳамоиш дар шароити имрӯзаи молиявию иқтисодӣ муҳиму зарур буда, ба таҳрик додани сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ, донишу маърифати илмӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии донишҷӯён мусоидат намуда, ба бештар кардани завқу ҳаваси онҳо ба донишандӯзӣ ва ташаккули қобилияти пажӯҳишу навҷӯӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода рӯнаморо дар мавзӯи вазъи низоми бонкӣ манзури аҳли нишаст намуда, диққати ҳозиринро ба вазъи воқеии низоми бонкӣ ва мукаммал гардидани сохтори он, сатҳи дороиҳо ва уҳдадориҳо, зиёд гардидани ҳаҷми сандуқи қарзӣ ва пастшавии сатҳи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳдорӣ ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ, низоми пардохт ва инфрасохтори пардохт, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва саҳми он дар иқтисодиёт давоми 6 соли охир ҷалб кард.

Ф. Толибзода тазаккур дод, ки дар натиҷаи таҳкими сифатии низоми бонкӣ нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ, новобаста аз берун шудани ташкилоти қарзии мушкилотдор аз низоми бонкӣ дар қиёс бо баъзе аз кишварҳо дар сатҳи баланд қарор дошта, беҳтаршавии вазъи молиявии низоми бонкӣ идома дорад.

Дар ҳамоиш роҳбарони бархе сохторҳои масъули Бонки миллии Тоҷикистон тариқи рӯнамо аҳли нишастро бо  татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, устувории суботи молиявӣ, вазъи низоми иттилоотӣ, татбиқи самараноки низоми пардохт ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ шинос намуданд.

Дар ҳамоиш миёни масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ва аҳли нишаст оид ба рӯнамои мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

АКСҲО: Бонки миллии Тоҷикистон

Февраль 17, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд