РОҲИ САФЕД! Миёни Тоҷикистон ва Узбекистон боз як хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд

Февраль 24, 2022 12:01

ДУШАНБЕ, 24.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шимоли Тоҷикистон ва шарқи Узбекистонро боз як хатсайри байналмилалии автобус ба ҳам пайваст намуд: хатсайри автобус аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Қуқанди вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ба роҳ монда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Ширкати «Asian Express» иттилоъ доданд.

Хатсайри автобусии Хуҷанд-Қуқанд-Хуҷанд тавассути ширкати «Asian Express» ба ҷуз аз рӯзи душанбе ҳар рӯз ҳаракат мекунад. Автобус аз Хуҷанд ба Қуқанд ва баргашта аз он ҳаракат мекунад. Он соати 8-и субҳ аз истгоҳи парки таксиҳои шаҳри Хуҷанд, ки дар қасабаи 16 –ум воқеъ аст, ҳаракат менамояд. Вақти сафар 4 соат буда, нархи роҳкиро 104 сомонӣ (100 ҳазор сум) аст.

Макони ниҳоии хатсайр «Янгибозор» (Бозори нав)-и шаҳри Қуқанд буда, сафари бозгашт ба Хуҷанд бегоҳ соати 20:00 сурат мегирад.


Дар ҳамин ҳол, АМИ «УзА» хабар дод, ки аввалин автобуси сафарӣ аз Хуҷанд ба Қуқанд расид, ки масири он аз гузаргоҳи марзии «Андархон» гузаштааст. Мусофиронро ҳокими ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Узбекистон Расулҷон Ҷӯраев пешвоз гирифта, ба шаҳрвандон роҳи сафеду бехатар таманно намуд.

Дар сурати маъруф шудани хатсайри Хуҷанд — Қуқанд ҳаракати автобусҳоро васеъ кардан мумкин аст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ баргузор карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаи аз нав ба роҳ мондани ҳаракати автобусҳо миёни ду кишвар, ки ба далели пандемияи коронавирус мутаваққиф шуда буд, ибрози назар карданд.

Аз моҳи октябри соли сипаригардида ширкатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамарӯза аз Хуҷанд ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ду сафар ба роҳ мемонанд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 24, 2022 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Taj Tech – 2026» мегардад
Талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт тавассути портали eKhizmat.tj ба расмият дароварда мешаванд
Дар Сеул ҷаласаи вазирони саноати Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
Дар Тоҷикистон беш аз 66 технологияи инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардид
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд