Рустами Эмомалӣ нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Wild Sheep Foundation гардид
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахустин барандаи Ҷоизаи бонуфузи Wild Sheep Foundation /WSF/ барои дастовардҳо дар ҳифзи Аргелӣ — гӯсфанди ёбоии Марко Поло аз Тоҷикистон гардид, иттилоъ дод Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерлизода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки «Бунёди гӯсфандони нодир» (The Wild Sheep Foundation) соли 2022 барои дастовардҳо дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ мукофот таъсис дод. Лауреати аввалини ин мукофот, ки дар анҷумане дар шаҳри Ринои иёлоти Невадаи Амрико эълон гардид, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дониста шуданд.
Ин мукофот бояд фаъолияти шахс ё ташкилотеро қадрдонӣ намояд, ки дар ҳифзи гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ саҳми муносиб гузошта бошад. Барои соҳиби ин мукофот шудан зарур аст, ки гирандаи он шаҳрванди яке аз кишварҳои макони зисти гӯсфанди кӯҳии ёбоӣ буда, барои нигоҳдории ин намуди ҳайвони нодир саҳми шоён гузошта бошад.
Алҳол дар Тоҷикистон тақрибан 25 000 сар гӯсфанди кӯҳии Марко Поло ва 4000 сар бузи пармашох (Морхур) сукунат доранд.
Яке аз иқдомҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин мебошад, ки таҳти роҳбарии ӯ дар иҷрои Конвенсияи СИТЕС савдои устувори намудҳои ваҳшии ҳайвонот бо Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Канада ба танзим дароварда шуд. Шомил шудан ба Конвенсияи мазкур сабаби коҳиш ёфтани гардиши беназорат ва ғайриқонунии намудҳои нодири наботот, ҳайвоноти ёбоӣ ва ваҳшие мегардад, ки таҳти таҳдиди нестшавӣ қарор доранд.
«Бунёди гӯсфандони нодир» (WSF), ки дар Бозмани иёлоти Монтанаи Амрико фаъолият дорад, соли 1977 аз ҷониби тарафдорон ва хоҳишмандони ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ таъсис ёфтааст. WSF зиёда аз 8500 нафар аъзоро дар тамоми ҷаҳон муттаҳид намуда, ҳимоятгари асосии гӯсфандони ваҳшӣ ва дигар ҳайвоноти нодири ваҳшии манотиқи кӯҳӣ ва муҳити зисти онҳо мебошад.
АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ











Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






