САДҲО АДАД ТЕХНИКАИ НАВ – КӮМАКИ ЧИН БА ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯнамоии онҳо доир гардид

Февраль 1, 2022 17:28

ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии техникаи коммуналии ба шаҳри Душанбе воридшуда доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи раиси шахри Душанбе.

Таҳкими заминаи техникию имкониятҳои моддии муассисаҳои коммуналии шаҳрӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ барои тозаю озода намудани муҳити зист ва муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинони пойтахт, пайваста дар меҳвари таваҷҷуҳи Раиси шаҳр қарор дорад.

Солҳои охир дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ ва истифодабарии роҳҳо мушкилиҳои норасои техникаи замонавӣ ҷой дошт, ки ин ба сифати хизматрасониҳо таъсири худро мерасонид.

Бо ибтикор ва ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ворид намудани техникаҳои замонавӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориҳои судманд роҳандозӣ гардид.

Дар доираи ҳамкориҳо соли 2021 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба кӯмаки техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 адад воситаҳои нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба  имзо  расонид.

Бо амалӣ гардидани созишнома дар 16 марҳила то имрӯз 413 адад техиника вориди пойтахт гардид ва 53 адади дигар дар ҷараёни воридшавӣ қарор дорад.

Ба Раиси шаҳр зимни рунамоӣ 155 адад автобусҳои мусофирбари гуногунҳаҷм, 52 адад автомошинаҳои боркашон, 48 адад автомашинаҳои махсуси партовкашонӣ, 40 адад мошинҳои обпошӣ, 22 адад мошинҳои хурди боркашии дуқатора, 20 адад автомошинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ, 1 адад грейдер, 18 адад каток, 7 адад автокран, 15 адад эвакуатор, 1 адад таҷҳизоти тақсимкунандаи қир, автомашинаҳои қубуртозакунӣ, инчунин техникаи махсусгардонидашуда аз қабили 7 адад барои ташхису таъмири қубурҳои оби гарм, 1 адад маркази идораи техникаи сухторхомўшкунӣ, 4 адад автомошинаҳои ёрии таъҷилӣ, 1 адад барои интиқоли гипохлориди натрий ва ғайра муаррифӣ карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки техника ва таҷҳизоти коммуналии воридшуда мувофиқи талабот ва зарурат ба сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла корхонаҳои коммуналии партовкашонӣ, ободонӣ, боғҳо, обу коррез, нигоҳдорию истифодабарии роҳҳо, гармидиҳӣ, мусофиркашонӣ ва сухторхомушкунӣ дода шуданд.

Дар робита ба ин, бо иштироки мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин тӯли 1 моҳ бо кормандони корхонаву муассисаҳои пойтахт ва масъулини сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тариқи онлайн дарсҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ворид гардидани техникаи коммуналии мазкур паркҳои техникии корхонаҳои соҳавӣ пурра навсозӣ гардида,  аз ҳисоби  техникаи мавҷуда пуриқтидор карда  мешаванд ва фаъолияти онҳо боз ҳам самаранок ба роҳ  андохта хоҳад шуд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи намояндагони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  пойтахтро ба истифодаи самаранок ва мақсадноки техникаи воридшуда ҷалб намуда, ба масъулин, ронандагону кормандони корхонаҳои коммуналӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои техникӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Рустами Эмомалӣ иброз намуданд, ки роҳбарияти шаҳрдорӣ минбаъд низ барои таҳким бахшидани заминаи техникии корхонаҳои коммуналии шаҳр ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ ва  ба ин васила  барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои коммуналӣ барои сокинону меҳмонони пойтах  тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2022 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои Душанбе озмунҳои «Беҳтарин ҳамсар» ва «Фарзанд – боғи падару модар» гузаронида шуданд
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ оғоз гардид
Доир ба муқовимат ба коррупсия чун кафили рушди соҳаи маориф конференсия баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар Душанбе Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Душанбе 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ ботантана ҷашн гирифта мешавад
Соли 2025 ба шаҳри Душанбе беш аз 450 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Ба шаҳри Душанбе зиёда аз 11 ҳазор электромобил ворид карда шудааст
Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 16 муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ҳудуди шаҳри Душанбе сохтмони 7 эстакадаи нав оғоз меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Сино сохтмон ва навсозии 279 иншоот ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Фирдавсӣ ба маблағи зиёда аз 882 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар мусобиқаҳо соҳиби 1620 медал шуданд