Саъдӣ Қодирзода: Паёми Пешвои миллат фарогири барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда мебошад
ДУШАНБЕ, 01.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар он доир ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, варзиш ва сайёҳӣ вазифагузории мушаххас ба миён гузошта шудааст». Ин нуктаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода дар ҳамоише, ки дар кумитаи мазкур бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилоти низоми кумита доир ба омӯзиш ва тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, зикр намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иттилоъ доданд, Паёми Пешвои миллат фарогири барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда буда, муайянкунандаи ҳадафу афзалият ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла таъмини рушди иқтисодӣ дар сатҳи на кам аз 7 фоиз, ташкили зиёда аз 500 ҳазор ҷойи нави корӣ, беш аз 2 баробар зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ ва ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ, то 15 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо солҳои 2022–2026 Солҳои рушди саноат эълон карда шуданд.
Дар ҳамоиш раиси кумита Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
«Ноил гардидан ба ҳадафҳои аз ҷониби Сарвари давлат дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда аз фаъолияти босамари мо низ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо фаъолияти худро дар самти беҳтарсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисодиёт, татбиқи босамари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва идораи амволи давлатӣ тақвият бахшем», афзуд Саъдӣ Қодирзода.
АКСҲО аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






