Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар кори ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои мубрами ҳамкории парлумонӣ баррасӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон.
Бино ба иттилои манбаъ, Андрей Картаполов, узви ҷаласаи ҳамоҳангсози раисони кумитаҳо оид ба дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, раиси Кумитаи дифои Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи натоиҷи амалиёти нахустини неруҳои контингенти посдори сулҳи СААД дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон, самтҳои такмили қонунгузорӣ ва дастгирӣ намудани фаъолияти сулҳдӯстии давлатҳои аъзои ин Созмон, Дар бораи таҷрибаи Комиссияи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба тафтиши далелҳои дахолати давлатҳои хориҷӣ ба корҳои дохилии Русия маърӯза мекунад.
Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия, узви ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо оид ба дифоъ ва амнияти парлумонҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои СААД Василий Пискарев бо маърӯза баромад мекунад.
Қарорҳо ва тадбирҳои андешидаи Маҷмаи парлумонии СААД ҷиҳати ҷилавгирӣ аз мудохилаи хориҷӣ ба корҳои дохилии кишварҳои узви СААД аз ҷониби узви Комиссияи доимии АП оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, раиси Кумитаи Думаи Давлатӣ оид ба масъалаҳои ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва муносибатҳо бо хамватанон аз ҷониби Леонид Калашников баррасӣ мешавад.
Иштирокдорони ҷаласа дар бораи вазъи низомию сиёсӣ дар бахшҳои миллии минтақаи масъулиятшиносии СААД гузориш медиҳанд.
Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Рябков ба иштирокчиёни ҷаласа дар бораи музокироти Русия-ИМА ва Русия-НАТО оид ба кафолатҳои амниятӣ маълумот медиҳад.
Ширкаткунандагони нишастро Сергей Лавров, Вазири умури хориҷии Русия ба ҳузур пазируфта, 10 феврал бо Дабири кулли СААД Станислав Зас ва раиси Ситоди муштараки СААД Анатолий Сидоров мулоқот мекунанд.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои ИДМ Бахтовар Сафарзода иштирок ва суханрони намуд.
АКСҲО: Маҷлиси намояндагон









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






