САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО. Комроншоҳ Устопириён Тоҷикистонро дар Париж дар вазни -90кг намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо бо Гранд Слами Париж идома меёбад. Мусобиқа 5-6 феврал баргузор шуда, дар он Тоҷикистонро Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг намояндагӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа иштироки 291 варзишгар (157 мард, 134 зан) аз 53 давлат дар назар аст. Варзишгарон тибқи қоидаҳои ҷудо дар 14 категорияи вазнӣ (7 вазн миёни мардҳо, 7 вазн миёни бонувон) барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Рӯзи аввал қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг, -63кг миёни бонувон, -60кг, -66кг, -73кг миёни мардҳо доир мешаванд. Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -70кг, -78кг, +78кг ва мардҳои вазнашон -81кг, -90кг, -100кг, +100кг гӯштин мегиранд.
Варзишгароне, ки медал ба даст меоранд, бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд: ҷои якум – 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 евро, ҷои сеюм – 1500 евро.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи ҷудои соли 2022 – Гран Прии Португал, ки 28-30 январ дар шаҳри Алмада доир гашт, Комроншоҳ Устопириён медали биринҷӣ ба даст овард.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






